Соли 2004
2004 Ин сол — соли кабиса, аз панҷшанбе оғоз шаванда (нигаред ба тақвим) мебошад.
- Соли Байналмиллалии биринҷ ( № 57/162 ООН)
- Соли Байналмиллалӣ бахшида бар зидди ғуломӣ ва аз байнбарии он (№ 57/195 ООН)
Январ
- 4 январ — роҳбари ҳаракати Миллӣ Михаил Саакашвилӣ дар интихоботи призидентии Гурҷистон ғолиб омад.
- 4 январ — Марсоход MER-A (Спирит) бо мувафақият ба сайёраи Марс (сайёра) баромад.
- 19 январ — дар кинофестивали «Санденс» намоиши нахустини филми «Пила: Бозӣ барои муборизаи ҳаёт (филм)»
Апрел
- 22-уми апрел —Дар натиҷаи барҳамхӯрии ду қатора ва таркиши баъди он ба вуқӯъ пайваста дар шаҳри Йончхон (Кореяи Шимолӣ ) тақрибан 150 нафар одамон фавтиданд.
Май
- 1 май — Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта , Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳодияи Аврупо дохил шуданд.
- 16 май — дар 49-ум озмуни мусиқавии байналхалқӣ «Евровидение» ҷои аввалро овозхони Украина Руслана Лижичко ишғол намуд.
- 17 май —Дар иёлоти Массачусетс аҳди никоҳи якҷинсаҳо иҷозат дода шуд.
Июн
- 13 июн — дар Парлумони Аврупо Иттиҳодияи Аврупо интихобот баргузор гардид. Ғолибиятро блоки ҳизби консервантҳо ба даст овард (зиёда аз 250 овоз). Ҷои дуюмро бошад блоки ҳизби сотсиалистӣ ишғол намуд (қариб 200 овоз). Намоядагони дигар гурӯҳои ҳизбӣ низ интихоб шуданд.
- 17 июн — дар як вақт ду гурӯҳи татқиқотӣ новобаста аз ҳамдигар бори аввал телепортатсияи квантии атомҳоро баровардан.
- 21 июн — Бори якум дар дунё киштии кайҳонии шахсӣ «SpaceShipOne» ба кайҳон баромад.
Июл
- 1 июл — Таыщизоти кайҳонии Кассинӣ-Гюйгенс баъди 7 соли сайру гашт ба системаи ЗуҳалСатурн (сайёра) расид ва ба татқиқоти давра, сайёраҳо ва магнитосфераи Зуҳал шурӯъ кард.
- 4 июл — Дар шаҳри Лиссабон и Португалия бозии ниҳойи Чемпионати Аврупо оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин бозӣ тимҳои футболи Португалия ва Юнон бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Тими Юнон бо ҳисоби1:0 ғолиб омад.
- 21 июл — дар 17 конфронс оид ба назарияи умумии нисбият ва гравитатсия, ки дар шаҳри Дублини Ирландия баргузор гардид, астрофизик Стивен Хокинг бо маърӯзаи худ оиди ҳалли мушкилоти нобудшавии маълумот дар шакофии сиёҳ баромад кард, ки 30 сол боз ҳалли худро наёфта буд.
Август
- Август — дар шаҳри Москав сохтмони меҳмонхонаи боҳашамати «Москва» ба анҷом расид, ки солҳои 30-ми асри XX сохта шуда буд.
- 24 август — тақрибан дар як вақт, дар 22.56 мск, дар Русия ду тайёраи мусофирбар ба садама дучор шуданд: Ту-154Б2 тайёраи авиакомпанияи «Сибир», ки аз фурудгоҳи Домодедовои (Москав) ба Сочӣ парвоз мекард ,(дар вилояти Ростов ба садама дучор гардид, ки 51 нафар одамон ҳалок шуданд), ва тайёраи Ту-134а-и авиакомпанияи Волга-Авиаэкспресс,аз аэропорти Домодедовои (Москав) ба Волгоградпарвоз мекард , (дар вилояти Тулск ба садама дучор гардид,ки 42 нафар одамон ҳалок шуданд). Кофтукоб маълум намуд, ки дар ҳар дуи садама амалиёти терррористиӣ азз тарафи занҳои қотил ба вуқӯъ пайваста аст
- 31 август — амали террористӣ дар шабакаи метрои «Рижская» дар Москав аз тарафи террористон ба вуқӯъ пайваст. Дар инҷо низ Қотилзан гунаҳгор аст. На камтар аз 10 нафар одамон ҳалок шуданд.
Сентябр
- 1 сентябр — террористон бинои мактаби шаҳри Бесланро ( Осетияи Шимолӣ муҳосира намуданд).
- 21 сентябр — сохтмони аз ҳамма бинои балантарин дар дунё — Бурҷ Дубай ба кори худ шурӯъ кард.
Октябр
- 31 октябр — интихоботи президентӣ дар Украина. Дар давраи дуввум Виктор Юшенко ва Виктор Янукович баромаданд.
Ноябр
- 2 ноябр — интихоботи президентӣ дар ИМА: президенти ҳозира Ҷорҷ Буш ба муқобили сенатор Ҷон Кэррӣ (en:John Kerry). Дар ин интихобот Ҷорҷ Буш ғолиб омад.
- 21 ноябр — давраи дуюми интихоботи Украина баргузор гардид: сарвазири ҳозира Виктор Янукович (49 %) ба муқобили Виктора Юҳенко (46 %) ғолиб омад.
- 21-22 ноябр — саммити созмони Ҳамкории иқтисодии Осиёву Уқёнуси Ором дар Сантиягои (Чилӣ баргузор гардид).
- 22 ноябр — Дар Украина «Инқилобӣ норанҷӣ» сар шуд.
- 24 ноября — дар шаҳри Санкт-Петербург кушодашавии тантанавии бинои нави Генералии консули Финляндия баргузор гардид.
Декабр
- 26 декабр — Заминҷунбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба вуқӯъ пайваст, ки калонтарин замнҷумбӣ дар уқёнуси Ҳинд ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи сунамӣ тақрибан 230 ҳазор одамон ҳалок шуданд.
- 26 декабр — Дар натиҷаи даври сеюми интихоботи президентӣ дар Украина пешвои мухолифин Виктор Юшенко ғолиб омад.
Вафот кардаанд
Боз нигаред: Категория:Вафот кардагон дар соли 2004
- 10-уми феврал — Сергей Аверинтсев — филологи барҷастаи рус.
- 9-уми май — Аҳмад Қадиров — президенти Ҷумҳурии Чеченистон, ки дар натиҷаи амали терроистӣ ҳалок гардид.
- 5-уми июн — Роналд Рейган, президенти 40-ми ИМА.
- 10-уми июн — Рэй Чарлз, мусиқанавози америкоӣ.
- 17-уми июн — Ясек Курон, сиёсатмадор ва арбоби давлатии Полша.
- 3-юми июл — Андриян Николаев — кайҳонаварди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ.
- 15-уми июл — Ҷарлз Суинӣ, лётчики америкоие, ки бмбаи атомиро ба шаҳри Нагасакии Ҷопон, дар соли 1945 партофта буд.
- 2-уми август — Анрӣ Картӣе-Брессон,, аксбардори бузурги фаронсавӣ.
- 12-уми август — Алексей Леонтев, равоншинос ва забоншиноси рус.
- 14-уми август — Чеслав Милош, шоири лаҳистонӣ, барандаи ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи адабиёт дар соли 1980 .
- 18-уми сентябр — Клара Румянова, санъаткори рус.
- 24-уми сентябр — Франсуаза Саган, Нависандаи Фаронсавӣ (с.тав. 1935).
- 8-уми октябр — Жак Деррида, файласуф ва адиби Фаронсавӣ.
- 11-уми ноябр — Ёсир Арафот — намоёнтарин арбоб ва сиёсатмадори радикалӣ нимаи дуюми асри XX , ки мақсадаш аз байнбарии Изроил ва сохтани давлати Фаластин буд.
- 30-уми ноябр — Алексей Хвостенко, шоири рус.
- 10-уми декабр — Раднэр Муратов, санъаткор, Артисти хизматнишондодаи РСФСР (с.тав 1928).
Ҷоизаи Нобелӣ
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба физика — Дэвид Гросс (David J. Gross), Дэвид Политсер (H. David Politzer), Франк Вилчек (Frank Wilczek)
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба химия — Аарон Сехановер, Абрам Гершко ва Ирвин Роуз.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба тандурустӣ — Ричард Эксел, Линда Бак.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба иқтисодӣ — Финн Кидланд, Эдвард Прескотт.
- Ҷоизаи Нобелӣ оид ба адабиёт — Элфрида Елинек.
- Ҷоизаи Нобелии сулҳ — Вангарӣ Маатаӣ.